Ифшо шудани ҳолатҳои дуздии чорво ва чархҳои трактор
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Данғара бо ариза зани 38-солаи сокини ҷамоати шаҳраки Данғараи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки 9-уми июни соли 2025, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз заминҳои чарогоҳи назди хонаи истиқоматиаш як сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 15 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайан карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ноболиғи 17-солаи сокини ноҳияи Данғара содир намудааст.
Ҳамзамон ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 32-солаи сокини ноҳияи Айнӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда 5-уми июни соли 2025, тахминан соати 23:55-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ дар мавзеъи Боғи Муроди деҳаи Петеи ноҳияи мазкур 2-адад чархҳои қисми пеши трактори тамғаи «Люгонг-835»-ро, ки ба марди 30-солаи сокини ҳамин ноҳия тааллуқ доранд, дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Зарари расонидашуда 10 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 2 моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.