Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар дар самти ҳамкории милитсия бо аҳолӣ

«Баланд бардоштани самаранокии ҳамкории милитсия бо аҳолӣ дар масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ ва фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ» таҳти ҳамин унвон дар асоси Нақшаи чорабиниҳои муштараки ВКД, Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе ва ташкилоти ҷамъиятии «Асотсиатсияи миллии занони соҳибкори  Тоҷикистон» дар Раёсати ВКД вилояти Суғд мизи мудаввар баргузор гашт.
Дар мизи мудаввар муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия Суҳроб Қурбонзода, муовини сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД полковники милитсия Ҳотам Дадобойзода, раиси Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД оид ба ислоҳоти милитсия Ятимзода Ҳ., намояндаи дафтари САҲА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони шуроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятии раёсат ва шуъбаҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд муовинони сардори 21 шуъбаҳои ВКД ва масъулини шуъбачаву гурӯҳҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ иштирок доштанд.
Дар ҷараёни мизи мудаввар як қатор масъалаҳои муҳим, аз ҷумла натиҷагирӣ аз тадбиқи нақшаҳои ислоҳот, фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ дар самти мустаҳкамсозии робитаи милитсия бо ҷомеа, боварию эътимоди аҳолӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамкорӣ ба он, иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ бо аҳолӣ, мунтазам роҳандозии ҳисоботҳои нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ ва рафти  хизматрасонии Нуқтаҳои сайёри милитсия аз ҷониби шахсони масъул мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуданд.
Ҳамзамон натиҷаи санҷиши фаъолият ва коргузории шӯроҳои ҷамъиятии назди шуъбаҳои ВКД дар рафти мизи мудаввар баррасӣ гардид, ки давоми як ҳафта гуруҳи корӣ интихобан санҷида буд. Бурду бохти фаъолият ва иҷрои вазифаҳои дар пеш истода муҳокима ва ба масъулин  дастурҳои мушаххас дода шуд.
Дар идома гузориши шахсони масъул ва роҳбарони гуруҳҳои шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия оид ба фаъолияти корӣ давоми панҷ моҳи сипаришудаи соли 2025 шунида шуд. 
Дар робита ба мавзуъ ҷиҳати самаранокии фаъолият ба ҳозирин дастур дода шуд, ки байни Шӯроҳои ноҳиявию шаҳрӣ ва вилоятҳо таҷрибаомӯзӣ ба роҳ монда шавад. Илова бар ин таклифу пешниҳодҳои судманд вобаста ба беҳтару хубтар ба роҳ мондани фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ ироа гардид. 
Ёдовар мешаваем, ки аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ гурӯҳи ихтиёриёне мебошанд, ки дар раванди амалшавии барномаи давлатии ислоҳоти милитсия ва самти муҳими он мустаҳкамсозии ҳамкории милитсия бо ҷомеа ҳиссагузорӣ менамоянд.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

19.06.2025 18:28
53