Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари омӯзишӣ дар мавзӯи «Муқовимат ба савдои одамон» барои муфаттишон дар вилояти Суғд

Мутобиқи нақшаи фаъолияти Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Раёсати ВКД вилояти Суғд барои муфаттишони сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ, прокуратура, КДАМ, АНМН назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки вилояти Суғд семинари омӯзишӣ дар мавзӯи “Мувоқимат бо савдои одамон” баргузор гардид. 
Чорабинии таълимӣ-омӯзишӣ бо ҷалби олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, коршиносон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил ва баргузор гардид, то ин ки муфаттишони сохторҳои номбаргардида ҳамчун кормандони мақомотҳои салоҳиятдори давлатӣ дар пешгирию муқовимат ба ҷиноятҳои марбут ба савдои одамон,  ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои қурбониён ва ҷабрдидагони савдои одамон  муваффақ бошанд. Дар банду баст ва раванди тафтиши пешакии парвандаҳои ҷиноятии марбут ба савдои одамон касбияти баланд нишон дода ба мушкилӣ рӯ ба рӯ нашаванд ва мутобиқ ба меъёрҳои муқарраргардидаи байналмилалӣ ба ин зуҳуроти номатлуб мубориза баранд.
Семинар бо роҳбарии мушовири Вазири корҳои дохилӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ генерал-майори милитсия Солиев Карим Ҳоҷиевич, бо ҷалби олимону коршиносони соҳа устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор, Тақдиршоҳ Шарипов, ҳамоҳангсози барномаи муқовимат ба савдои одамони Созмони байналмилалии муҳоҷират Баҳром Раҳматҷонов, намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Фемида” Ғоибназар Давлатбеков ва масъулини Маркази муқовимат ба савдои одамони Раёсати  мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД доир карда шуд.
Мутахассисон вобаста ба тақвият додани фаъолияти муфаттишон ҳангоми тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ дар самти ҷиноятҳои алоқаманд ба савдои одамон ба иштирокчиёни семинар маълумотҳои заруриро пешниҳод карданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои ҳуқуқу озодиҳои инсон аҳамияти авалиндараҷа дода, тибқи меъёрҳои конститутсионӣ арзиши олӣ доштани ҳуқуқи инсонро эътироф менамояд. Дар ин раванд бо мақсади роҳ надодан ба ҳаргуна шаклҳои поймолшавии ҳуқуқ ва озодии инсон дар ҷумҳурӣ мақомоти дахлдори давлатӣ фаъолияти натиҷабахш дар мавқеъи ҳифзу риоя аз ҳуқуқи инсон доранд. Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон ҳамингуна ниҳоди босалоҳият маҳсуб меёбад, ки мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 02.03.2023 пешбурди фаъолияти Комиссияи мазкур ба зиммаи Вазорати корҳои дохилӣ вогузор карда шудааст, ки роҳбариашро муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-лейтенанти милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо ба зимма доранд.
Муқовимат ба савдои одамон дар заминаи санадҳои байналмилалӣ, принсипҳои муошират бо ҷабрдидагон ва ба ҷавобгарӣ накашидани қурбониёни савдои одамон, айнияткунонии қурбониёни савдои одамон, тавсифи ҳуқуқи ҷиноятии ҷиноятҳои алоқаманд бо савдои одамон ва масъалаҳои банду басти ҷиноят аз мавзӯъҳои асосие буданд, ки олимону мутахассисон дар рафти семинари омӯзишӣ маърӯза ва дар якҷоягӣ бо кормандони амалиии сохторҳои тафтишотӣ муҳокима намуданд.
Мавзӯи пешбинишуда, яъне «Муқовимат ба савдои одамон» аз ҷиҳати назарияи қонунгузорӣ, фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, таҷрибаи тафтишотӣ, баррасии судӣ хуллас ҳаматарафа таҳлилу муҳокима шуда, иштирокчиён вобаста ба мушкилоти дар амалия рӯбарӯшуда ба маърӯзачиён саволҳо пешниҳод ва ҷавобҳои мушаххаси қонунан асоснок гирифтанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар замони муосир савдои одамон бо шаклу намудҳое, ба мисли меҳнати маҷбурӣ, истисмори шаҳвонӣ, истисмори иқтисодӣ, хизматрасониҳои маҷбурӣ зуҳур карда, объекти ингуна ҷиноятҳо озодии шахсии инсон мебошад. Бо истифода аз таҳқиру зӯроварӣ, зулму ситам, истисмор ё фиреб инсон предмети хариду фурӯш ва аҳд мегардад, ки дар ин замина ҳуқуқу озодиаш поймол мешавад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ин қабил ҷиноятҳо ҷиноятҳои дараҷаи хавфнокиаш вазнин ва махсусан вазнин эътироф шудаанд. Зеро ҳамчун поймолкунандаи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва халалдоркунандаи суботи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа метавонанд ба низоми сиёсии давлат таъсир гузоранд. 
Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташ маҳз ба он нигаронида шудааст, ки зуҳуроти номатлуби савдои одамон дар дохил ва хориҷи кишвар коҳиш ёфта, Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун давлати арҷгузоранда ба ҳуқуқу озодии инсон муаррифӣ шавад.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

19.06.2025 18:34
62