Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо курсантони Коллеҷи милитсияи ВКД семинари омӯзишӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ гузаронида шуд

18-уми июни соли 2025 дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи милитсияи ВКД бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб дар доираи баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишӣ бо ташаббуси Шурои ҷумҳуриявии «Динамо»-и ВКД дар ҳамкорӣ бо Дафтари барномаи Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ дар мавзуи «Пешгирии нашъамандӣ, оворагардӣ ва дигар қонуншиканиҳо дар байни наврасону ҷавонон ва ташвиқоту тарғиботи ҳаёти солим» баргузор гардид.
Дар ин рӯз ҳамчунин семинари омӯзишӣ гузаронида шуд, ки дар он роҳбарияти ШҶ «Динамо»-и ВКД Коллеҷи милитсия ва курсантони он иштирок намуданд.
Тавре зикр карда шуд ҷалб гардидан ҷавонон ба варзиш яке аз роҳҳои пешгирии амалҳои номатлуб миёни онҳо мебошад. Зеро ин насли ояндасоз метавонанд, аз худ маҳорати олии варзишӣ нишон дода дар рушду нуми варзиши кишвар саҳмгузорӣ намоянд.
Дар идома аз онҳо талаб карда шуд, ки дар вақтҳои холӣ ба базиҳои гуногуни варзишӣ машғул гардида, ҷиҳати обутоб додани бадани хеш аҳамияти ҷиддӣ диҳанд, зеро варзиш ин қуввае мебошад, ки ҷавононро дар руҳияи солим ба воя мерасонад.
Шумо ки насли ояндаи милитсияро нишон медиҳед аз инрӯ кӯшиш намоед, ки ҳар кадоматон дар навбати худ дар баробари кору фаъолият ва донишомӯзӣ як риштаи самти варзишро аз худ намуда, парчамбардори кишвар гардед.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар ин рӯз миёни курсантони МДТ Коллеҷи милитсия ВКД мусобиқаи футболи хурд баргузор гардид, ки дар он шаш даста бо ҳам сабқат намуданд. 
Дар натиҷа дастаҳои беҳтарин миёни курсантони ин муассиса аз ҷониби доварони мусобиқа муайян гардиданд. Ғолиби ҷойи аввал курсантони курси 2 дониста шуда, ҷойи дуюмро дастаи курси 3 соҳиб гардиданд, дар зинаи сеюм бошад дастаи курси 1 қарор гирифт.
Ҳамин тавр дар ин мусобиқа ҳамлагари беҳтарин У. Саидзода, нишонзани беҳтарин Ф.Камолзода, дарвозабони беҳтарин С. Халилов, муҳофизатгари беҳтарин К. Сатторзода ва довари беҳтарин А. Ибодуллозода дониста шуданд.
Аз тарафи ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо ба ғолибон медал, Ҷом, диплом Сипоснома, Ифтихорнома ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.
Дар охир сардори МДТ Коллеҷи милитсияи ВКД подполковники милитсия Меҳрулло Нуруллозода барои баргузории чунин як семинари омӯзишӣ ва мусобиқаи варзишӣ миннатдории худро ба роҳбаряти ВКД ва САҲА баён намуд.
Тоҷиддин Латипов

20.06.2025 16:48
41