Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ  барои азонихудкунии маблағ

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 32-солаи сокини ноҳияи Ашт аз 9-уми феврали соли 2021 то инҷониб дар вазифаи инкасатор-бригадири Филиали ҶСП «Душанбе-Сити-бонк» дар ноҳияи Ашт фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш аз 27-уми июн то 30-юми июни соли 2025, аз терминалҳои ноҳияи Ашт маблағи се миллиону ҳафтод ҳазор сомониро ба таври нақдӣ гирифта, ба суратҳисоби ҶСП «Душанбе-Сити-бонк», интиқол надода, маблағҳоро азонихуд намуда, ба бонки мазкур зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

04.07.2025 8:09
86