Ифшо шудани ҳодисаҳои дуздӣ
Ба ШВКД дар ноҳияи Фархор аризаи марди 45-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ворид гардидааст, ки шаби 2-юми майи соли 2025, шахсони номаълум аз заминҳои мавзеи Золи-Зари ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Фархор 2-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷа зарари расонидашуда, 17 ҳазору 500-сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро марди 30-солаи сокини ноҳияи Ҳамадонӣ содир намудааст.
Оид ба ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

















