Дастгир гардидани қаблан судшудаҳо бо ҷурми ғоратгарӣ
Ба ШВКД дар шаҳри Бохтар бо ариза марди 56-солаи сокини шаҳри мазкур муроҷиат намудааст, ки 23-юми июли соли 2025, тахминан соати 16:10-дақиқа, ду нафар шахси номаълум, тахминан 30-35 сола, тариқи зӯроварӣ ва таҳдид 40-сомонӣ ва дучархаашро ошкоро гирифта, боз таҳдид ва талаби 500-сомонӣ карда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Зарари расонидашуда 1 ҳазору 40-сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро мардони 40 ва 35-солаи сокинони ноҳияҳои Хуросону Дустӣ, қаблан ҳардуашон бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудаанд, содир намудаанд.
Аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.















