Оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ барои азонихудкунии маблағ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки зани 38-солаи сокини шаҳри Конибодом аз 6-уми июли соли 2025, дар асоси шартномаи даҳони дар вазифаи ёрдамчии хазинаи нуқтаи қабули шартбандҳо дар филиали ширкати букмекерии ҶДММ «Ирсол Тениси ТҶ» кору фаъолият намуда, 15-уми июли соли 2025, тахминан соати 11:20-дақиқа, аз фурсати муносиб истифода бурда пардохти маблағҳои пулии мизоҷони ба ӯ бовар карда супоридашударо, ба миқдори 1 ҳазору 700-сомонӣ азонихуд намуда, ба эҳтиёҷоти шахсиаш сарф кардааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 1 моддаи 245 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















