Озмуни ҷойҳои кори холӣ дар Раёсати алоқаи ВКД
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин дар Раёсати алоқаи ВКД озмун эълон менамояд:
Мутахассиси пешбар (3 ҷой)
Талабот ба номзад:
•Таҳсилоти олии техникӣ ё соҳаҳои марбут ба технологияҳои иттилоотӣ (IT);
•Насбу васли таҷҳизоти телекоммуникатсионӣ;
•Таҷрибаи корӣ оид ба ташкили шабакаи компютерӣ (WAN, LAN, WLAN);
•Донистани низомҳои амалиётии Microsoft Windows Server, Linux ва FreeBSD
•Таҷрибаи корӣ дар низомҳои Proxy Server, Web Server, Mail Server, FTP Server (насб, танзим ва ғ.);
•Донистани низомҳои маҷозикунонии VMware ESX ва MS Hyper;
•Доштани таҷрибаи корӣ бо Контроллери домен, VPN, VLAN, DNS, DHCP, NTP;
•Насб ва танзими барномаҳои зиддивирусӣ;
•Донистани забони давлатӣ ва русӣ ҳатмӣ, донистани забони англисӣ афзалият дорад;
•Доштани собиқаи корӣ на камтар аз 2 сол дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ.
Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:
а) аризаи шахсӣ;
б) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;
в) дафтарчаи меҳнатӣ;
г) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумот;
д) ҳуҷҷати муайянкунандаи муносибати иҷрои уҳдадории ҳарбӣ (барои шаҳрвандоне, ки дар захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд).
Барои иштирок дар озмун маълумотҳои заруриро тавассути почтаи электронӣ innovation@vkd.tj, innovation@mail.vkd.tj ирсол намоед.
Муҳлати қабули ҳуҷҷатҳо то 20 сентябри соли 2025.
Телефон барои маълумот: 87 0000000
















