Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эъломияи Душанбе

 

Рӯзҳои 3-4 майи соли 2018 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА), Иттиҳоди Аврупо (ИА) ва бо мусоидати Давлати Қатар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез”-ро баргузор намуд.

Вазирони корҳои хориҷӣ ва роҳбарони ҳайатҳо, инчунин намояндагони созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ниҳодҳои илмӣ ва намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон дар Конфронс ширкат варзида, онро бо Эъломияи зерин хулоса намуданд:
Мо, Давлатҳои дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд зери унвони “Муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез” ширкатварзида:
бо изҳори нигаронии амиқ ва изтироб аз хавфу хатари рӯзафзуни террористӣ ба тамоми ҷаҳон;
бо таъкиди он, ки терроризм танҳо метавонад бо ҷалби ҳамаи давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии дахлдор тавассути тақвияти тафоҳуми байналмилалӣ ва ҳамкории бо бархурди пойдор ва фарогир асосёфта рафъ гардад;
бо эътирофи нақши марказӣ ва ҳамоҳангсози СММ дар танзими ҳамкории байналмилалӣ ва расонидани мусоидат ба кишварҳои аъзо, ки дар татбиқи Стратегияи ҷаҳонии СММ оид ба мубориза бо терроризм дар асоси услуби мутавозин ва ҳамгироёна тибқи 4 боби он роҷеъ ба пешгирӣ ва мубориза бо терроризм дар ҳама шаклу пайдоишаш масъулияти асосиро доранд, бо назардошти Нақшаи амали Дабири кулли СММ оид ба пешгирии ифротгароии хушунатомез аз соли 2016;
бо тасдиқи дубораи усулҳо ва меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ, Оинномаи СММ ва қатъномаҳои дахлдори Шӯрои амният ва Маҷмаи Умумии он;
бо такрори зарурати содиқ будан ба ҳуқуқи байналмилалии дахлдор, аз ҷумла ҳуқуқи инсон дар муқовимат бо терроризм;
бо таъкиди зарурати бархӯрд бо ҳамаи шароитҳое, ки ба терроризм ва ифротгароӣ, ҳам дохилӣ ва ҳам берунӣ, мусоидат мекунанд, ҳамчунин бо услуби мутавозин эътирофи он, ки ягонтои онҳо наметавонанд амалҳои террористиро авф ё маъзур намоянд;
бо назардошти кори САҲА дар мусоидат ба давлатҳои ширкаткунанда ва шарикон оид ба ҳамкории он дар муқовимат бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез тариқи ҷанбаҳои самараноки марбут ба ҳуқуқи инсон, чӣ тавре ки дар санадҳои марбутаи САҲА, аз ҷумла Чаҳорчӯби муттаҳиди САҲА ҷиҳати мубориза бар зидди терроризм ва қарору эъломияҳои муносиби Шӯрои вазирони САҲА инъикос ёфтааст, бо эътирофи талошҳои созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавии дахлдор, аз ҷумла Созмони Ҳамкории Шанхай, ИА, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар ин самт;
бо таъкиди аҳамияти талошҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мубодилаи маълумоту таҷриба аз рӯйи ҳама ҷанбаҳои мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез дар сатҳҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ, инчунин майли онҳо ҷиҳати таҳкими тадбирҳои муштарак ва стратегияҳо дар ин самт;
бо даъват ба талошҳои аз ин ҳам зиёд барои пешгирии шомилшавӣ ва омодасозии ҷавонон, инчунин банақшагирӣ, танзим ва маблағгузории амалҳои террористӣ

1. Бар он ақидаем, ки таъмини заминаҳои муштарак барои муҳокима ва амал дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати таъмини кӯшишҳои бештар ҳамоҳангшуда дар ҷодаи муқовимат бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез муҳим аст;
2. Даъват ба амал меорем, ки мақсадҳо тавассути ҳамоҳангсозӣ, ҳамкорӣ ва чораҳои муштарак дар ҷодаи муқовимат бо терроризм ва пешгирии ифротгароии хушунатомез аз ҷониби кишварҳои аъзои СММ, инчунин созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ муттаҳид карда шавад;
3. Дарк мекунем, ки гурӯҳҳои террористиву ифротӣ аз вазъияти норозигии амиқи мардум дар ҳолатҳои низои давомнок ва ҳалношуда сӯйиистифода мекунанд ва аз ин лиҳоз, барои ҳалли чунин низоъҳо кӯшишҳои мунтазам ба харҷ дода шавад;
4. Дубора тасдиқ мекунем, ки ҷиҳати амалисозии ҳамгироёна ва мутавозини Стратегияи ҷаҳонии СММ оид ба мубориза бо терроризм дар сатҳҳои миллӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла тавассути таҳияи нақшаҳои амали минтақавӣ омода ҳастем ва ҳамзамон масъулият ва пеш бурдани корҳоро аз ҷониби кишварҳои худ таъмин мекунем. Мо дар ин робита оид ба Нақшаи амали муштараки кишварҳои Осиёи Марказӣ аз 30 ноябри соли 2011 ҳамчун воситаи аввалини минтақавӣ оид ба амалисозии ҳамаҷониба, ҳамгироёна ва мутавозини Стратегия ёдовар мешавем;
5. Дубора тасдиқ менамоем, ки инчунин омодаи татбиқи қатъномаҳои дахлдори Шӯрои амнияти СММ оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез, аз ҷумла қатъномаҳои 1267(1999), 1373(2001), 1624(2005), 2178(2014), 2242(2015), 2354(2017), 2396(2017) ва тавсияҳои Кумитаи мубориза бо терроризм, ки аз ҷониби ҳукуматҳои аъзои он ҳангоми сафарҳои арзёбии намояндагони Кумита мувофиқа гардидааст, ҳастем;
6. Чунин меҳисобем, ки пешгирӣ ва манъи дастрасии террористон ба роҳҳову дастгирии молиявӣ, фаннӣ ва логистикӣ ниҳоят муҳим аст;
7. Дубора тасдиқ мекунем, ки ҷонибдори амалисозии стандартҳои ҳамаҷонибаи байналмилалӣ оид ба мубориза бо маблағгузории терроризм ва пулшӯйӣ, ки дар чиҳил Тавсияи Гурӯҳи корӣ оид ба амалҳои молиявӣ (FATF) дарҷ гардидааст, ҳастем;
8. Чунин мешуморем, ки фаъолгардонии ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар соҳаҳои ба монанди мубодилаи маълумот, амнияти марзӣ, ҳамкории ҳуқуқӣ ва мубодилаи таҷрибаи пешқадам, аз ҷумла абзорҳои ИНТЕРПОЛ оид ба муқовимат бо тағйири макон ва фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ, аз ҷумла террористон-ҷангҷӯёни байналмилалӣ, шахсони ба онҳо алоқамандӣ дошта ва маблағгузорони онҳо, инчунин кӯшишҳо дар ҷодаи муқовимат ба ҳама гуна муомилот миёни терроризм ва ҷинояти фаромиллии муташаккил дар доираи заминаҳои қонунгузории ҷорӣ муҳим аст;
9. Дастгирии худро оид ба қабул ва амалисозии чораҳо вобаста ба пешгирии ифротгароии хушунатомез ва тундгароии ангезандаи терроризм, ба вежа дар байни ҷавонон ва дар ҳамкории наздик бо намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, мусоидат ба муносибати ба тамоми ҷомеа нигаронидашуда изҳор мекунем;
10. Таъкид мекунем, ки додани эътибори афзалиятнок ба чораҳои пешгирикунанда тавассути талошҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо дар ҷодаи маърифатнокӣ, бо фароҳам овардани имкониятҳо барои наслҳои оянда, таъсиси роҳҳои мудирияти фарогир бо иштироки тамоми ҷонибҳои манфиатдор ва тарғиби арзишҳои умумии таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ва сулҳу субот, ки ҳамаи ин воситаҳои калидии пешгирии ифротгароии хушунатомезро ташкил медиҳанд, муҳим аст;
11. Таъкид менамоем, ки татбиқи самаранок ва аз лиҳози гендерӣ ҳассоси роҳкорҳо ҷузъи калидии пешгирии ифротгароии хушунатомез ва тундгароии ангезандаи терроризм мебошад. Ин тавсеаи ҳуқуқу имкониятҳои занонро ба ҳайси вакили тағйирот дар бунёди ҷомеаи пойдор, инчунин мубориза алайҳи табъизи занон дар ҷомеа ва талошҳои васеъро дар ҷодаи баробарии гендерӣ дар бар мегирад;
12. Барои бархурдҳои масъулиятнок аз ҷониби ҳама анвои ВАО, бо ҳифзи стандартҳои аз ҳама баланди касбии журналистика дар робита ба инъикоси таҳдиду амалҳои террористиву ифротгароии хушунатомез мутобиқи ҳуқуқи байналмилалии инсон оид ба озодии баён ва ВАО даъват менамоем;
13. Аҳамияти рушд ва татбиқи фарогири стратегияҳо оид ба мубориза бо истифодаи Интернет барои аҳдофи террористӣ дар сатҳҳои миллӣ, минтақавӣ ва байналмилалиро бо эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои бунёдии инсон таъкид менамоем;
14. Омодагии худро ҷиҳати мубодилаи минбаъдаи маълумот, бозёфтҳои тадқиқоти илмӣ ва таҷрибаи пешқадами мубориза бо ғояҳои террористиву ифротгароии хушунатомез дубора тасдиқ менамоем;
15. Миннатдории худро ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташкили шоистаи ин конфронси байналмилалии сатҳи баланд ва меҳмоннавозии гарм баён намуда, ба Давлати Қатар барои мусоидати саховатмандона ба ин чорабинӣ изҳори сипос менамоем;
16. Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул намудани Эъломия ҳамчун санади Маҷмаи Умумии СММ ва интишори онро миёни давлатҳои аъзои СММ мепурсем.

29.05.2018 9:30
42