Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Португалия Марселу Ребелу ди Соуза барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

4 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Португалия муҳтарам Марселу Ребелу ди Соуза барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Ҷаноби Олӣ,
Хабари ҳалокати фоҷеавӣ ва ҷароҳат бардоштани шумораи зиёди одамон бар асари суқути садамавии қатораи кабелӣ дар Ҷумҳурии Португалияи дӯст боиси андӯҳи мо гардид.
Дар робита ба ин ҳодисаи ғамангез ҳамдардиву таслияти самимии инҷонибро ба Шумо, пайвандону наздикони фавтидагон ва тамоми мардуми Португалия изҳор намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои комил мехоҳам».

04.09.2025 21:10
27