Чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи хадамоти кадрии мақомоти корҳои дохилӣ
11-уми октябри соли 2025 бахшида ба Рӯзи таъсисёбии Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ дар маҷлисгоҳи раёсати мазкур бо иштироки муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Абдураҳмон Аламшозода, сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД генерал-майори милития Халилзода Ҳусейн Собир, собиқадорон, роҳбаият ва ҳайати шахсии ин ниҳод чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Пас аз хондани Суруди миллӣ ҷамъомади тантанавиро муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Абдураҳмон Аламшозода бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, аввалан аз номи Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро кормандони Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Вазорати корҳои дохилӣ ва воҳидҳои поёнии онро бо рўзи таъсисёбии ин ниҳод табрику муборакбод гуфта, барояшон сулҳу осоиш, саломатӣ, хонаободӣ ва дар фаъолияти ҳамарӯзаашон барору комёбиҳо таманно намуд.
Мавсуф зимни суханронии худ қайд кард, ки аз масири таърих ба мо маълум аст, ки дар идоракунии корхонаву муассиса, ташкилот ва дар маҷмуъ давлат нақши кадрҳо хеле муҳим мебошад.
Маҳз муҳимияти масъала буд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибихтиёрӣ ба ин масъала диққати хосса зоҳир намуд.
Муовини якуми Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Абдураҳмон Аламшозода дар суханронии худ аз дастгирӣ ва ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат нисбати кормандони милитсия ибрози андеша намуда зикр кард, ки санаи 29 октябри соли 2024, Президенти Вумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои Муассисаи давлатии омодасозии кадрҳои баландихтисос, ки дар арафаи таҷлили ҷашни 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистони сурат гирифт, иштирок намуда, таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумати мамлакат ба масъалаҳои фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбияи кадрҳои баландихтисоси ба талаботи замони муосир ҷавобгӯ ва баланд бардоштани сатҳи касбияти онҳо иброз дошта, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ орзуҳои неки худро иброз доштанд.
Ҳамзамон мавсуф қайд намуд, ки аз ҷониби Президенти кишвар ва Ҳукумати мамлакат, мунтазам барои беҳтар намудани шароити иҷтимоиву иқтисодӣ ва кории кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо манзили истиқоматӣ, қитъаҳои замин, мунтазам баланд бардоштани музди меҳнат, нафақа, гирифтани рутбаҳои навбатӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагиву хизматии ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд.
Дар идомаи чорабинӣ сардори Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД генерал-майори милития Халилзода Ҳусейн Собир ба сухан баромада аз таърих ва нақши бахшҳои кадрӣ дар пешрафти фаъолияти пурсамари мақомоти корҳои дохилӣ баромад намуда қайд кард, ки дар ташкилшавӣ ва пешравии ҳар як корхонаю муассиса кормандони кадрӣ мавқеи асосиро ишғол менамоянд.
Худи калимаи “кадр” аз забони фаронсавӣ гирифта шуда, дар аввал дар соҳаи ҳарбӣ ҳамчун “асос”, “чаҳорчӯба” истифода бурда мешуд ва бо мурури вақт он мазмуни ҳозираи худро соҳиб гашт, ки кадр ин маҷмуи кормандони штатии доимие мебошанд, ки захираи асосии меҳнатии корхонаву муассиса ва идораҳоро ташкил медиҳанд.
Раёсати кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсӣ воҳиди муҳими сохтори Вазорати корҳои дохилӣ мебошад, ки барои интихоб, қабул, ҷобаҷогузорӣ, омоданамоӣ, бозомўзӣ, такмили ихтисос, таълиму тарбия, баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар паҳлўҳои фаъолияти кормандон масъул буда, самаранокӣ ва пешрафти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ маҳз аз сифатнокии амалӣ намудани ин вазифаҳо аз ҷониби кормандони воҳидҳои кадрӣ вобастагии калон дорад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, ки “Таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ беш аз ҳама ба дараҷаи тайёрии касбӣ ва сифатҳои шахсии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вобастагии калон дорад. Ин ҳолат аз роҳбарон ва воҳидҳои сохтории он талаб мекунад, ки ба интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо бо назардошти дараҷаи кордонӣ ва маълумотнокӣ, садоқат ба Ватан, хислатҳои инсонӣ, матонати маънавии оншо ба таври ҷиддӣ муносибат кунанд”.
Мавсуф дар идомаи суханронии худ аз марҳилаҳои рушду такомули бахшҳои кадрӣ дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, самтҳои фаъолият, нақши собиқ роҳбарони ниҳоди кадрӣ дар пешрафту дастовардҳои он ибрози андеша намуда баён дошт, ки Раёсати кадршо-сохтори мустақили маќомоти корҳои дохилӣ буда, фаъолияти асосии он ин амалӣ намудани омӯзиш, интихоб, ҷобаҷогузорӣ, тарбия, ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқии кадрҳо, тибқи талаботи сиёсати кадрии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини мақомоти корҳои дохилӣ бо кадрҳои баландихтисос, риояи қонуният, интизоми хизматїэӣ ва иҷроия, дастгирии нафақахӯрон, маъюбон, аҳлу оилаи кормандони фавтида мебошад.
Ҳамзамон мавсуф қайд намуд, ки бо ташаббуси бевоситаи роҳбарияти РК ва КҲШ ва зери роҳбарии Вазири корҳои дохилӣ соли 2024 ҷиҳати омўзиш ва аз нав коркарди санадҳои меъёрии ҳуқуқии самти кадрӣ аз ҳисоби кормандони ботаҷрибаи вазорат гуруҳи корӣ таъсис дода шуда дар як муддати кўтоҳ 18 фармону фармоишҳои самти кадрӣ, ки аз лиҳози талаботҳои нав, мутобиқ намудан ба санаду меъёрҳои ҳуқуқии нав қабул гардида, талаботи забони давлатӣ аз нав коркард ва таҳия гардида, аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ ба имзо расонида шуданд ва имрўз онҳо дар ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ мавриди амал қарор доранд.
Дар интиҳои баромади худ сардори Раёсати кадрзо ва кор бо ҳайати шахсии ВКД генерал-майори милития Халилзода Ҳусейн Собир бори дигар кормандони бахшҳои кадрии ВКД-ро бо ин ҷашн табрик намуда иброз намуд, ки мо, кормандони хадамоти кадрии ҷузъу томи мақомоти корҳои дохилӣ, тамоми саъю кушиши худро баҳри волоияти қонун, оромиву осоиштагии давлату миллат равона намуда ба Ватани азизи худ софдилонаю содиқона хизмат менамоем.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ раиси Созмони собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майори мустаъфӣ Ҷурахонзода Саид Қаюм аз мақом ва нақши бахшҳои кадрӣ дар сохтори мақомоти корҳои дохилӣ, инчунин як қатор кормандони ҷавони ин ниҳод аз фаъолияти худ дар ин ниҳод баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.
Дар қисмати хотимавии чорабинии тантанавӣ бо фармоиши Вазири корҳои дохилӣ як қатор кормандони бахшҳои кадрӣ, ки дар самти фаъолияти худ натиҷаҳои назаррас доранд, бо нишони сарисинагии “Аълочии кадрии Вазорати корҳои дохилӣ”, инчунин собиқадорони ин ниҳод бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Р.Илёсзода














































