Маросими Савгандёдкунии наваскарон дар қисми ҳарбии 6592
15-уми октябри соли 2025 дар қисми ҳарбии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин наваскарони даъвати тирамоҳӣ дар фазои тантанавӣ савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Дар маросими Савгандёдкунӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин, Фармондеҳи Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ генерал-майор Рауфзода Суҳроб Орзу, меҳмонон, падару модарон ва наздикону пайвандони сарбозон ширкат варзиданд.
Муовини Вазири корҳои дохилӣ Вализода Илҳомиддин сарбозонро бо ин лаҳзаи фаромӯшнашаванда самимона табрику муборакбод намуда, зикр кард, ки имрӯз ба шумо муяссар гардидааст, ки дар сафи афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ дар як радиф истода, барои таъмини амнияти мамлакат содиқона хизмати Ватан - Модарро адо намоед.
Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ Қӯшунҳои дохилиро сипари боэътимоди давлату миллат, кафили амнияту суботи кишвар ва тартиботи ҷамъиятӣ эътироф намудаанд.
Сипас, дар ҳузури меҳмонони даъватшуда сарбозон савганди садоқат ба номи Ватан ёд карданд ва қавл доданд, ки вазифаи ҳарбии худро бошарафона ба ҷо меоранд, озодӣ ва истиқлоли давлатро мардонавор муҳофизат мекунанд.
Дар ҷараёни чорабинӣ волидони наваскарон, намояндагони қисмҳои ҳарбӣ, ҳамчунин меҳмонони даъватшуда сарбозони ҷавонро муборакбод намуда, барояшон орзуҳои нек карданд.
Пас аз маросими тантанавии савгандёдкунӣ муовини Вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин аз шароити хизматбарӣ, таъминоти моддӣ-маишӣ ва вазъи будубоши сарбозон дар қисми ҳарбии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ шинос шуд.
Гул Маҳбуба




































