Оғоз гардидани парвандаи ҷиноятӣ барои ғайриқонунӣ ҳай карда бурдани автомобил
Дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки 24-уми октябри соли 2025, тахминан соати 21:00, ду ноболиғи 17-солаи сокинони ноҳияи Тоҷикобод бо маслиҳати пешакӣ ба хонаи марди 44-солаи сокини ҳамин ноҳия даромада, автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел-Астра”-ро аз мошинсарой бароварда, тариқи шоҳроҳи “Ваҳдат-Рашт-Тоҷикобод” ронда ба тарафи деҳаи Сари пули ҷамоати деҳоти Нушори ноҳияи Тоҷикобод рафта, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашинаи мазкурро ба дохили ҷӯйбори канори роҳ партофта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Нисбати гумонбаршавандагон бо банди “б” қисми 2 моддаи 252 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд, тафтишот идома дорад.

















