Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ду кирдори қаллобӣ

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки мардони 37 ва 38-солаи сокинони шаҳри Исфара, соли 2025 яке аз онҳо бо моддаи қисми 4 моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, 14-уми январи соли 2025, бо роҳи фиреб ба боварии марди 32-солаи сокини шаҳри мазкур даромада, бо ваъдаи ҳавлии истиқоматӣ, воқеъ дар  маҳаллаи Моҳпарии шаҳри Исфараро ба номаш ҳуҷҷатгузорӣ карда додан аз ӯ 125 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол ӯро фиреб дода гаштаанд. 
Нисбати гумонбаршавандагон бо қисми 4 моддаи  247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Инчунин ҳангоми  гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 34-солаи сокини шаҳри Исфара аз моҳи феврал то моҳи апрели соли 2025 бо роҳи фиреб ба боварии марди 33-солаи сокини ҳамин шаҳр даромада, бо баҳонаи ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул шудан, аз ӯ 170 ҳазор сомонӣ гирифта, то ҳол барнагардонидааст. 
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 4 моддаи  247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад. 

03.11.2025 8:15
37