Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон

Сайёҳӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои рушди иқтисоди кишвар мебошад, ки солҳои охир босуръат рушд карда истодааст. Тоҷикистон дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиӣ буда, барои ҷалби теъдоди зиёди сайёҳони хориҷӣ ба кишвар иқтидори воқеӣ дорад. Бо дарназардошти омилҳои зикршуда Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи туризмро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии кишвар эълон намудааст.
Тоҷикистон сарзамини мардуми соҳибмаърифату меҳмоннавоз ва кишвари меваҳои шаҳдбор буда, аз нигоҳи иқлим, боду ҳаво, манзараҳои табиат, кӯҳҳои осмонбӯс, пиряхҳои азим, обҳои шифобахш, кӯлҳо ва чашмаҳои оби мусаффо, ҳайвоноту наботот ва урфу анъанаҳои мардумӣ дар олам нотакрор ва макони беҳтарини сайру саёҳат мебошад.

 

22.06.2024 13:39
88