Шиносоӣ аз шароити хизматии кормандони Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД
7-уми ноябри соли 2025 дар арафаи таҷлили «Рӯзи милитсияи тоҷик» Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Раёсати воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, аз техникаю таҷҳизоти мавҷуда ва шароитҳои фароҳамгардида дар он аз наздик шиносоӣ пайдо кард.
Зимни вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсии Раёсати воҳидҳои таъиноти махсусро ба хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ва таъмини амнияту тартибот дар кишвар доимо омода бошанд.
Гул Маҳбуба




















