Ифтитоҳи бинои нави Шуъбачаи милитсияи деҳоти Зайнабободи ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ
7-уми ноябри соли 2025 дар арафаи таҷлили «Рӯзи милитсияи тоҷик» бо иштироки Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бинои нави маъмурии Шуъбачаи милитсияи деҳоти Зайнабободи ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ мавриди истифода қарор дода шуд.
Бинои нав аз таҳхона ва 3 ошёна иборат буда, бо сатҳу сифати баланд сохта шудааст.
Дар бинои хуштарҳи маъмурӣ қисми навбатдорӣ, ҳуҷраҳои корӣ ва маҷлисгоҳ ҷойгир буда, кормандон барои се ҷамоат: Зайнабобод, Султонобод ва Турсунзода хизматрасонӣ менамоянд. Дар он барои кормандони милитсия тамоми шароити кору фаъолият ва хизматрасонӣ ба 58 ҳазор нафар аҳолии ин деҳот муҳайё гардидааст.
Тамоми ҳуҷраҳои бинои маъмурӣ бо мизу курсӣ, компютер ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти корӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст.
Дар ҷараёни боздид Вазири корҳои дохилӣ ба кормандони Шуъбачаи милитсияи деҳоти Зайнабободи ШВКД-1 дар ноҳияи Рӯдакӣ як қатор дастуру супоришҳо дода, таъкид намуд, ки муборизаро бар зидди ҳама гуна зуҳуроти номатлуб таҳким бахшида, бо шаҳрвандон хушмуомила ва дар ҳамкории зич қарор дошта бошанд.
Кормандони милитсияи шуъбачаи мазкур иброз доштанд, ки баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳимояи ҳуқуқҳои шаҳрвандон бо масъулияти баланд фаъолият хоҳанд кард.
Вазири корҳои дохилӣ ҳамчунин бо собиқадорони милитсия ва ҷавонони фаъоли ноҳияи Рӯдакӣ суҳбати озоду самимӣ доир намуда, барои иштироки фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ онҳоро бо Сипосномаҳо қадрдонӣ намуд.
Гул Маҳбуба



































