Таърихи гӯёи офариниши як муҷассама
Дар яке аз ҷаласаҳои Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик, ки Баҳодур Раҳматов низ иштирок дошт, сармуҳаррири илмии Энсиклопедия Муҳаммад Осимӣ аз таърихи сохтани муҷассамаи Абӯалӣ ибни Сино чунин ёдовар мешавад:
- Ҳамон шабу рӯзҳои омодагӣ ба ҷашни ҳазорсолагии Ибни Сино ҳамроҳи Турсунзода дар Маскав будем. Академик А.М. Прохоров (сармуҳаррири нашри сеюми Сарредаксияи илмии "Большая Советская Энциклопедия") қарори Бюрои Сиёсиро ба мо расонид:
- Мо ба қароре омадем, ки барои гиромидошти хотираи Авитсена дар Душанбе муҷассама гузошта шавад. Барои анҷоми ин кор пайкаратарош Умар Ҳасан уғли Элдаров интихоб шуд.
Рӯзи дигар ҳамроҳи директори Институти шарқшиносии Маскав аллома Бобоҷон Ғафуров ва устод Турсунзода дар меҳмонхонаи "Россия" бо Элдаров вохӯрдем. Элдаров аз мо хоҳиш кард, ки чун Ибни Сино фарзанди бузурги миллати тоҷик аст, шумо як нафарро бо симои тоҷикона ба ман шинос кунед, то чеҳраи Синоро биофарам. Мо байни худ машварат кардем ва шӯхиомез гуфтем, ки ягон нафари мо чеҳраи сирф тоҷикона надорем, ягон нафари дигарро пайдо кардан лозим аст. Ба хотирам расид, ки Муъмин Қаноат дар "Дом литераторов" аст. Муъминшоро пешниҳод кардам, аллома Ғафуров ва устод Турсунзода қабул карданд. Ӯро бо Элдаров шинос намудем. Ҳамин тавр симои Абӯалӣ ибни Сино тавлид шуд ва ин муҷассамаи бошукӯҳ ҳоло зеби Душанбест.
Бознашр аз ҳафтаномаи «Қонун ва ҷомеа» №49(501) аз 06-12-2018