Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар вобаста ба фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милитсия

Рӯзи 12 ноябр дар Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд тибқи Нақша чорабиниҳои муштараки Вазорати корҳои дохилӣ ва Дафтари барномавии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар шаҳри Душанбе барои соли 2025 вобаста ба амалишавии ислоҳоти милитсия, мизи мудаввар дар мавзӯи  “Баланд бардоштани самаранокии ҳамкории милитсия бо аҳолӣ дар масъалаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ ва фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ” баргузор гашт. Дар чорабинии мазкур муовини сардори Раёсати ВКД дар вилояти Суғд полковники милитсия  Суҳроб Қурбонзода, сардори Шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии Раёсат полковники милитсия Далер Гардишзода, ёрдамчии Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия майори милитсия Абдуманнон Субҳонзода, раиси Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД Ҳотам Ятимзода, намояндаи САҲА  Ҳайдар Муҳаммадиев, раисони шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар назди Раёсат ва шуъбаҳои ВКД - ии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, муовинони сардори шуъбаҳои ВКД аз 18 шаҳру ноҳияи вилоят, намояндагони ВАО ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд. Дурнамои фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар минтақаи Суғд ва хизматрасонии Нуқтаҳои сайёри милитсия мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки айни ҳол дар вилояти Суғд 22 Шӯроҳои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия фаъолият доранд.
Дар оғоз муовини сардори Раёсат полковники милитсия Суҳроб Қурбонзода бо сухани ифтитоҳи чорабиниро оғоз бахшида таъкид дошт, ки самаранокии фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар тадбиқи раванди ислоҳот таъсиргузор мебошад. Аъзоёни шӯроро зарур аст барои беҳтару хубтар ба роҳ мондани самти фаъолият бо шуъбаҳои ВКД дар  ҳамкорӣ бошанд. Барои боз ҳам такмил ёфтани сохтори МКД, устуворсозии робитаи ҷомеа бо милитсия ва хубу босифат ба роҳ мондани фаъолияти хизматии милитсия назари аҳолиро ба инобат гирифта онро дар раванди ислоҳот тадбиқ созанд.
Натиҷагирӣ аз тадбиқи нақшаҳои ислоҳоти милитсия, фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар самти мустаҳкамсозии робитаи милитсия бо ҷомеа, боварию эътимоди аҳолӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ ва ҳамкорӣ ба он, иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкунӣ, бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо аҳолӣ, татбиқи барномаҳои давлатӣ ва ҷараёни хизматрасонии Нуқтаҳои сайёри милитсия дар 10 моҳи соли 2025, дастоварду камбудиҳои фаъолияти Шӯроҳо маҳаки асосии мавзӯи мизи мудавварро фаро гирифт. Перомуни ин мавзуҳо ва дигар раванди коргузориҳо дар самти ислоҳоти милитсия раиси Шӯрои ҷамъиятии назди ВКД Ҳотам Ятимзода, намояндаи САҲА Ҳайдар Муҳаммадиев, раиси Шӯрои ҷамъиятии назди Раёсати ВКД дар вилояти Суғд Наим Маликисломӣ ва сардори ШҲТҶ Раёсат полковники милитсия Далер Гардишзода баромад намуда, дар баробари маълумотрасонӣ ба ҳозирин дастурҳои методӣ доданд.
Зимнан таъкид гардид, ки дар доираи талаботи Низомномаи Шӯроҳои ҷамъиятӣ (№59 аз 13-уми феврали соли 2024), ҳайати Шӯроҳои ҷамъиятии назди Вазорати корҳои дохилӣ ва ҷузъу томҳои он аз нав интихоб карда шаванд ва ба аъзоён шаҳодатномаҳои хизматӣ супорида шавад. 
Таъкид рафт, ки агар аъзоёни Шӯро аз ҳисоби шаҳрвандони гуногункасб, афроди барӯманду соҳибтаҷриба интихоб ва дар ислоҳоти милитсияи тоҷик ҳиссагузорӣ намоянд ба манфиат хоҳад буд. Зеро таҷриба ва малакаи касбии онҳо имконият фароҳам меорад, ки раванди ислоҳот ҳаматарафа бо назардошти самтҳои гуногуни хоҷагии халқ сурат гирад. Робитаи ҷомеа бо милитсия боз ҳам устувор гардида дар ин замина боварии аҳолӣ ба фаъолияти мақомот ба вуҷуд омада минбаъд равнақ ёбад.
Бурдани корҳои фаҳмонидадиҳӣ бо қишрҳои гуногунии ҷомеа, ташкили ҳисоботи нозири минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ, аз ҷумлаи дастурҳое буд, ки дар фаъолияти Шӯроҳо дар минтақаҳо бояд пурзӯр карда шавад. Истифода аз имкониятҳои воситаи нақлиёти «Нуқтаи сайёри милитсия»-ро низ ба маврид хонданд. Айни ҳол милитсия Суғд 4 адад чунин автомашинаи хизматиро дар ихтиёр дорад, ки ба минтақаҳои аҳолинишини дурдаст сафарбар гардида арзу шикояти аҳолиро қабулу баррасӣ менамоянд. Воситаи нақлиёти хизматии мазкур низ дар раванди ислоҳоти милитсия рӯйи кор омадааст ва имрӯзҳо самаранок истифода мешавад.
Дар идомаи мизи мудаввар ҳисоботи муовини сардори шуъбаи ВКД дар шаҳри Хуҷанд подполковники милитсия Шоҳинбек Фозилбекзода   дар бораи чораҳои беҳтар намудани ҳамкориҳои милитсия бо аҳолӣ ва дастгирии Шӯроҳои ҷамъиятии назди шуъбаҳои ВКД ва гузориши роҳбарони гурӯҳи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ислоҳоти милитсия дар ноҳияи Мастчоҳ Мирзошариф Шарипов, шаҳри Конибодом Даврон Абдуллоев оид ба фаъолияти корӣ дар соли 2025 шунида шуд.
Дар ҷараёни маърӯзаҳо таклифу пешниҳод ва муҳокимарониҳо ҷиҳати беҳбуд бахшидан ба фаъолияти Шӯроҳо, ҳарчӣ наздик сохтани аҳолӣ бо милитсия ва иштироки шаҳрвандон дар раванди ислоҳоти милитсия сурат гирифт. Иштирокчиёни чорабинӣ дар баробари баррасии барномаи кории Шӯро дастуру супоришҳои роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ВКД дар вилояти Суғдро мавриди омӯзиш қарор дода фикру андешаҳои худро баён доштанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки айни ҳол таҳияи лоиҳаи “Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2026 - 2030” ҷараён дошта дар ин самт дар ВКД гуруҳи кории босалоҳият таъсис дода шудааст.
Акбар Шарифӣ, подполковники милитсия.

13.11.2025 15:52
29