Чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаҳои 13 – 14 ноябр дар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Федератсияи миллии шиноварии Тоҷикистон, ки роҳбариашро вазирии корҳои дохилӣ генерал – полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба зимма дорад ва дастгирии Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бахшида ба «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чемпионати кушоди ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ баргузор гардид. Намояндагони Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, Федератсияи миллии шиноварӣ ва мақомоти корҳои дохилӣ дар чорабинии варзишӣ иштирок карда варзишгарони шиновар ва дар симои онҳо тамоми мардуми Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуданд.
Гуфта шуд, ки давоми солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди соҳаи варзиш ва дастгирии варзишгарон иқдомҳои саривақтии муфид роҳандозӣ мешаванд.
Хеле рамзист, ки таҷлили ин санаи фархунда бо оғози баргузории Иҷлосияи таърихии ХVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ омадааст. Зеро ин Иҷлосияи таърихӣ Сарвари кишвари азизамонро ба арсаи сиёсат овард, ки минбаъд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро барои мардуми кишвар ҳадя намуданд, Тоҷикистонро аз вартаи нобудӣ наҷот бахшида, дар муддати кӯтоҳи таърихӣ онро ба кишвари пешрафтаву обод, тинҷу осоишта ва озод табдил доданд. Аз ин лиҳоз, хизматҳои Пешвои миллат ҳамчун раҳбар ва илҳомбахши зафару комёбиҳо дар таърихи навини халқи тоҷик, дар ташаккул ва таҳаввули давлатдории миллӣ ва бақои имрӯзу фардои Тоҷикистон, дар эҳё намудани арзишҳои волои фарҳанги ниёгон ва барои дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ намудани миллати тоҷик дар саҳифаҳои таърихи миллат бо ҳарфҳои заррин сабт хоҳанд гардид. Ҳамватанони моро зарӯр аст дастовардҳои даврони Истиқлоли давлатиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намуда, ҳамчун фарзандони содиқи Ватан сарҷамъона Тоҷикистони соҳибистиқлолро боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва барои тақвият ёфтани нуфузу эътибори он дар арсаи байналмилалӣ талош намоем.
Дар ин чорабинии варзишӣ, ки таи ду рӯз идома ёфт беш аз 70 нафар шиноварон аз қаламрави ҷумҳурӣ, варзишгарон аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштироку маҳоратсанҷӣ карданд.Варзишгарон дар намудҳои тарзи озод, шинокунии пуштнокӣ, брасс, баттерфляй, эстафетаи гуруҳӣ дар масофаҳои гуногун маҳорати худро нишон доданд.
Мавриди зикр аст, ки ташкил ва баргузор гардидани чемпионати имрӯза ба рушди варзиши шиноварӣ мусоидат мекунад ва бори аввал нест, ки вилояти Суғд мизбони чунин чорабиниҳо мешавад. Бо ташаббуси Федератсияи милии шиноварии Тоҷикистон тайи солҳои охир масъулини соҳа баҳри тарбияи шиноварони касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда бунёди иншоотҳои таъиноташон барои баргузории мусобиқаҳои обӣ пешбинишуда дар ин самт мусоидат мекунад.
Дар ҷарёни баргузории маросими расмии чемпионати ҷумҳуриявӣ баромадкунандагон зарур шумориданд, ки варзишгарон, мураббиён, кормандон ва масъулони соҳа барои шарафёб гардидан ба муваффақиятҳои боз ҳам баландтар ба масъалаи пешбурди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ ҳамарӯза таваҷҷӯҳ зоҳир намоянд.
Баъди анҷоми мусобиқа ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқа медалу ҷом,ҷоизаҳо, Ифтиорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ дар фазои тантнавӣ тақдим гардид.
Умед аст дар ояндаи наздик шиноварони тоҷик дар мусобиқаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ парчами кишварамонро боло мебардоранд. Аз рӯйи натиҷаҳои инфиродӣ шиноварони беҳтарин ба дастаи якачини миллии шиноварӣ ҷалб гардида дар мусобиқаҳои баналмилалӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро намояндагӣ хоҳанд кард.
Раёсати ВКД дар вилояти Суғд.






















