Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зоркӯл

Зоркӯл - Зоркӯл - яке аз кӯлҳои Тоҷикистон мебошад. Кӯли Зоркӯл дар кӯҳистони шарқии Помир дар ноҳияи Мурғоб ва ноҳияи Ишкошим)воқеъ аст. Зоркӯл аз шарқ то ба ғарб дар масофаи — 25 км тӯл кашидааст, масоҳаташ — 87 700 (га). Ин кӯл аз нигоҳи ҳудуд 389 км мураббаъ масоҳатро ишғол намуда, дар баландии 3914 м воқеъ гардидааст. Баландии мутлақ — 4126 м. Дарозии кӯл — 33 км ва бараш — 23 кмро фаро гирифта, аз ҷануб дарёи Музкӯл, аз шимол дарёи Қароҷилғасой ҷорӣ мешавад. Ин кӯли пиряхӣ маҳсуб меёбад. Аз Зоркӯл дарёи Помир ҷорӣ гардида ба дарёи Панҷ ҳамроҳ мешавад.

Он дар заминаи мамнӯъгоҳи Зоркӯл, бо масоҳати умумии 87,7 ҳазор га бунёд ёфтааст ва дар ҳудуди ноҳияҳои Мурғоб ва Ишкошими ВМКБ ҷойгир шудааст. Қаблан ин кӯл бо номи "Кӯли Викторияи Помир" маъруф буд, ки онро афсари бритониёӣ Ҷон Вуд ба кӯл гузоштааст. Ҷон Вуд дар соли 1838 ҳангоми сафар карданаш ба саргаҳи Амударё ин кӯлро ба муносибати Маликаи Бритониёи Кабир, Виктория номидааст. Тибқи тавофуқномаи Русияву Бритониёи соли 1895, сарҳади байни Империяи Русия ва Афғонистон қад-қади кӯл мегузашт.
Мамнӯъгоҳ муҳимтарин ҷойест ва яке аз маконҳои табиӣ чӣ дар Осиёи Марказӣ ва чӣ дар саросари ҷаҳон мебошад, ки инҷо намуди гӯсфанди Марко Поло макони зист дорад. Дар ҳудуди мамнӯъгоҳ намудҳои нодири ҳайвонот - гурги сурх, хирси қаҳваранг, улари тибетӣ, кумай, кабӯтари сафедпӯст ва ғайраҳо мавҷуданд. Фаунаи мамнӯъгоҳ аз ҷиҳати намудҳо беназир мебошад. Гурги сурх, архар, барс, солонгой, хирси қаҳваранг ва дигар ҳайвоноти мазеъ дар зери муҳофизати давлатӣ гирифта шуданд, зеро онҳо ба Китоби Сурхи ҷумҳурӣ дохил мешаванд. Ҳудуди мамнӯъгоҳи Зоркул объекти нодири мавзеи кӯҳсор мебошад, ки дар натиҷаи болоравии такрории кӯҳсор ба амал омадааст. Шароити иқлимии биёбони баландкӯҳ ба макони мавҷудияти бениҳоят баланди пиряхҳо, захираҳои глобалии оби тоза дар баландии 4500 м таъсир мерасонад. Мамнуъгоҳи Зоркӯл дар ҳифз ва истифодаи мероси табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Соли 2015 мамнӯъгоҳи Зоркӯл аз ҷониби Тоҷикистон ба рӯйхати номзадҳо барои ворид намудан ба феҳристи Мероси фарҳангии умумибашарии ЮНЕСКО пешниҳод гардидааст.

 

22.07.2020 14:23
57