Конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзуи «Илми ҳуқуқшиносӣ ва амалияи он» бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» ва эълон гардидани соли 2024 - ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ»
19 апрели соли 2024 дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон III-юмин конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Илми ҳуқуқшиносӣ ва амалияи он» бахшида ба «Рӯзи илми тоҷик» ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» баргузор гардид.
Конференсияи мазкур дар доираи Нақшаи Ассотсиатсияи муассисаҳои таълимии ВКД/Политсияи давлатҳои аъзои ИДМ барои соли 2024, Нақшаи чорабиниҳои асосии ВКД барои соли 2024, инчунин Нақшаи фаъолияти илмӣ-амалии Академияи ВКД барои соли 2024 ташкил ва баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимони соҳаи ҳуқуқшиносӣ, намояндагони ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, роҳбарият ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамчунин намояндагони давлатҳои аъзои ИДМ (дар шакли бавосита) иштирок намуданд. Забони кории конференсия тоҷикӣ ва русӣ буда, дар шакли ҳам бевосита, инчунин бавосита сурат гирифт.
Дар оғози конференсия иштирокчиёни зерин бо суханони ифтитоҳӣ баромад намуданд: Раҷабзода Р.Р. – Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, д.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия, Солиев К.Ҳ. – мушовири Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия, Насуриён П.А. – сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия.
Махсусан қайд карда шуд, ки марҳилаи кунунии рушди ҷомеа бо афзоиши нақши маориф ва илм хос аст, ки ба вазъи он фаъолона таъсир расонида, асосҳои пешрафти иқтисодию иҷтимоии кишварҳоро муайян мекунанд.
Ҳамчунин изҳори умедворӣ карда шуд, ки иштироккунандагони конференсия барои ташаккул ва инкишофи илм ва амалияи ҳуқуқшиносӣ таклифҳои нави муҳим пешниҳод карда, роҳҳои минбаъдаи онҳоро муайян мекунанд.
Дар кори конференсия ҳамчун меҳмон намояндагони Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар шаҳри Уфа: Латипов Вадим Сагитянович – муовини сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, д.и.ҳ., дотсент, подполковники политсия бо маъруза дар мавзуи «Оид ба мусоидат ба адолати судии ҷиноятӣ дар қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия» ва Улимаев Радик Юрикович – профессори кафедраи фанҳои гражданӣ-ҳуқуқӣ, н.и.ҳ., полковники политсия бо маъруза дар мавзуи «Аз Интернет несту нобуд кардани маълумот ҳамчун роҳи ҳифзи обрӯи кории шахсони ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории Федератсияи Россия» иштирок карданд.
Дар конференсия инчунин баромад намуданд:
Буризода Эмомалӣ Бозор – мудири шуъбаи таърихи давлат ва ҳуқуқи Донишкадаи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, д.и.ҳ., профессор;
Имомов Ашӯрбой Имомович – дотсенти кафедраи ҳуқуқи конститутсионии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, н.и.ҳ., профессор;
Ализода Алиҷон Шариф – муовини якуми сардори Академияи ВКД, н.и.ҳ., полковники милитсия;
Раҳмадҷонзода Рифат Раҳмадҷон – муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, д.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия;
Маҳмадшозода Фарҳод Абдураҳмон – муовини директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент;
Сафарзода Ҳаёт Саидамир – профессори кафедраи факултети №6 Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, полковники милитсия;
Абдухолиқзода Акмал – муовини ректори Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои таълимӣ, н.и.ҳ., достент;
Мансурзода Амиршоҳ Мансур – сардори факултети № 1 Академияи ВКД, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия;
Заробидинзода Сулаймон Заробидин – сардори шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, н.и.ҳ., майори милитсия.
Ҳамчунин дар кори конференсия мавзуъҳои зерин баррасӣ карда шуданд: илми ҳуқуқшиносӣ дар асри XXI: масоил ва дурнамои он; Нақши илми ҳуқуқшиносӣ дар навсозӣ ва ислоҳоти ҷомеаи муосир; Масоили мубрами илми ҳуқуқшиносии ватанӣ; Масоили мубрами давлат ва ҳуқуқ дар ҷодаи хатарҳои глобалӣ; Масоили мубрами назария ва таърихи давлат ва ҳуқуқ; Назария ва амалияи ҳуқуқи ҷиноятӣ, мурофиаи ҷиноятӣ, криминология, криминалистика ва фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ; Масоили муосири ҳуқуқи конститутсионӣ ва маъмурӣ; Илми ҳуқуқи маданӣ, меҳнатӣ ва соҳибкорӣ дар замони муосир; Ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳуқуқи инсон; Маърифати ҳуқуқӣ ва нақши он дар рушди ҷомеа; Масоили мубрам, ки бо масъалаҳои маърифати ҳуқуқӣ, тарбияи ҳуқуқӣ, шуури ҳуқуқӣ ва фарҳанги ҳуқуқӣ вобастагӣ доранд ва ғ.
Пас аз анҷоми ҳар як баромад ба маърузачиён саволҳо дода шуда, ба онҳо посухҳои мушаххас ироа гардид.
Меҳмонон ва иштирокчиёни конференсия сатҳи баланди ташкил ва баргузории чорабинии илмиро қайд намуда, ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи он барои ташкили чунин конференсияи пуртаҷрибаи илмӣ изҳори сипос намуда, ба ҳамаи ҳозирин дар корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва фаъолияти амалӣ барору комёбиҳо таманно намуданд.
Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон