Вохӯрии судманд ҷиҳати татбиқи марҳилаи дуюми «Шаҳри бехатар»
4-уми апрели соли 2024 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Сзи Шумин баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишварро дар самти татбиқи марҳилаи дуюми низоми автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии «Шаҳри бехатар» мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҷонибҳо дар ҷараёни вохӯрӣ мактубҳои мубодилавии вобаста ба татбиқи марҳилаи дуюми низоми автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии «Шаҳри бехатар»-ро имзо карданд.
Ҳамчунин, ҷонибҳо ҷиҳати густариш додани мубодилаи иттилоот, таҷриба ва ҳамкориҳо табодули афкор намуданд.
Гул Маҳбуба, полковники милитсия