Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Иштироки ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфронси СММ оид ба мубориза бо ҷиноятҳои қаллобӣ

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон дар Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо ҷиноятҳои қаллобӣ, ки рӯзҳои 16-17 марти соли 2026 дар шаҳри Вена баргузор мегардад, иштирок намуда истодааст.
Аламшозода Абдураҳмон дар ин чорабинии сатҳи байналмилалӣ мавқеи кишварро оид ба мубориза бо ҷиноятҳои муосир, аз ҷумла қаллобӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ муаррифӣ намуда, инчунин омодагии ҷониби Тоҷикистонро барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт иброз намуд.

16.03.2026 14:32
114