Вохӯрӣ бо Котиби генералии Интерпол Вальдес Уркиза
16 марти соли 2026 дар ҳошияи чорабинии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ, ки дар шаҳри Вена баргузор гардида истодааст, вохӯрии Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо Котиби генералии Интерпол Вальдес Уркиза баргузор гардид.
Аламшозода Абдураҳмон ба Котиби генералии Интерпол Вальдес Уркиза барои даъвати ҳайати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иштирок дар Саммити глобалӣ оид ба муқовимат бо қаллобӣ дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии полиси ҷаҳонӣ изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуд.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҷустуҷӯи ҷинояткоронро баррасӣ намуданд.
Котиби генералӣ вобаста ба масъалаҳои ҷониби Тоҷикистон пешгузошта иброз намуд, ки онҳо мавриди омӯзиш қарор дода шуда, ҳангоми муайян гардидани камбудиҳо, онҳоро дар якҷоягӣ бартараф мекунанд.
Дар хотима ҷонибҳо хушҳолии худро таъкид карданд, ки натиҷаҳои ин чорабинӣ боиси ба роҳ мондани фазои хуби ҳамкорӣ хоҳад гашт.



















