Вохӯрӣ бо роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Австрия Штромайер Геральлд
Нимаи дуюми рӯзи 16 марти соли 2026 дар ҳошияи чорабинии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ, ки дар шаҳри Вена баргузор гардида истодааст, вохӯрии Муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал - полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо бо роҳбари Дастгоҳи Вазири корҳои дохилии Австрия Штромайер Геральлд баргузор гардид.
Дар ҷараёни вохӯрӣ Аламшозода Абдураҳмон таъкид намуданд, ки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба роҳ мондаи ҳамкории судманди тарафайнро бо Вазорати корҳои дохилии Австрия дар ҳамаи самтҳо аз ҷумла, масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ, муқовимат ба ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ҷустуҷӯи ҷинояткорон манфиатдор буда, омода аст, ки ҳамкории байналмилалии худро бо Вазорати корҳои дохилии Австрия низ ба роҳ монад ва дар оянда онро тақвият диҳад.
Пешниҳод карда шуд, ки миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои дохилии Австрия оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба ҷинояткорӣ санади дахлдор ба имзо расонида шавад.
Мавсуф иброз доштанд, ки маҳз ташкил ва гузаронидани чунин вохӯриҳои имрӯза барои боз ҳам қавӣ гардонидани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар раванди пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ мусоидат менамояд.






















