Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо роҳбари Департамент оид ба маводи нашъадор, лабаратория ва хизмати илмии Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ (UNODC)

17 марти соли 2026 соати 14:30 дар доираи чорабинии Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо қаллобӣ, ки рӯзҳои 16–17 марти соли 2026 дар шаҳри Вена ба нақша гирифта шудааст, вохӯрии муовини якуми Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон бо роҳбари Департамент оид ба маводи нашъадор, лабаратория ва хизмати илмии Идораи Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъадор ва ҷинояткорӣ (UNODC) Ҷастис Теттей баргузор гардид.
Дар рафти мулоқот тарафҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти муқовимат ба ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, пешгирии истеҳсол ва паҳн намудани ин гуна мавод дар ҳудуди баъзе давлатҳо, хавфҳои паҳншавии воситаҳои нашъадори навъи синтетикӣ ва моддаҳои нави психотропӣ, дар ҳамбастагӣ бо давлатҳои хориҷӣ  амалӣ гардонидани чорабиниҳои муштарак, рафъи фаъолияти ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Дар баробари ин, даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати тақвият додани иқтидори мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, рушди ҳамкориҳо дар самти мубодилаи маълумот ва таҷрибаи пешқадам, мубориза бо ҳама намудҳои ҷиноятҳои трансмиллӣ кӯшишҳо харҷ додо шаванд.

17.03.2026 20:12
110