Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вусъати корҳо дар самти ниҳолшинонӣ

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ, шинонидани дарахтони сояафкан ва сарсабзу зебо гардонидани муҳити зист, зимни сафари корӣ ба шаҳри Норак, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал- полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо роҳбарият, сардорони шуъбаҳои дастгоҳи Раёсат ва сардорони шуъбаҳои ВКД дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дастаҷамъона дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.
Маъракаи  ниҳолшинонӣ, дар ҳудуди шаҳри Норак ташкил карда шуда, 300 бех навъҳои гуногуни ниҳол ва дарахтони ҳамешасабзи арчаи ба иқлими минтақа ва шароити он мувофиқ шинонида шуд.
Бо роҳбарии сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон   генерал- лейтенанти милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ҷиҳати сабзу хуррамгардонӣ ҳайати шахсӣ дастаҷамъона бо риояи қоидаҳои агротехникӣ давоми рӯз ниҳолшинонӣ карданд.
Бо мақсади нигоҳубин ва парвариши ниҳолҳо чораҳои зарурии обтаъминкунӣ андешида шудааст. 
Вазифагузорӣ карда шуд, ки нигоҳубинкунандагон аз шароити мавҷуда самаранок истифода бурда сарсабзии ниҳолҳои шинонидаро таъмин намоянд.
Ҳамингуна иқдомҳои бунёдкориро масъулини мақомоти корҳои дохилӣ дар 25 шаҳру ноҳияи вилоят Хатлон ба роҳ монда дар ободӣ ва сабзу шукуфоии минтақаи хизматӣ саҳм гузоштанд.
Зимни сафари корӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ. барои сари вақт ва дар мӯҳлати муайянгардида ба итмом расонидани сохтмони осоишгоҳ барои кормандони милитсия дар ин минтақа дастуру супоришҳои мушаххас дода, зикр намуд, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ диққати ҷиддӣ дода шавад.

25.03.2026 19:56
176