Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БОШУКӮҲИ НАВРӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР МАКТАБИ МАХСУСИ ҶУМҲУРИЯВИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Бо ибтикори Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе Наврӯзи байналмилалӣ бо барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ бо иштироки хонандагон, омӯзгорон, муовини аввали Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД, директори мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе" баргузор гардид.
Сараввал меҳмонон аз шароит ва имкониятҳо барои илмомӯзии таълимгирандагон ва ҷойҳои хоб дидан намуданд.
Дар чорабинӣ аз ҷониби хонандагон сурудҳои ватандӯстона ва машғулиятҳои шавқовар барои хушҳолии таълимгирандагон пешниҳод карда шуд.
Аз ҷониби муовини якуми Раиси ШҶ "Динамо"-и ВКД ба тарбиятгирандагони ин мактаб дар бораи эҳтироми падару модар, дӯст доштани Ватани азиз, дӯсти байни ягдигар, илмомӯзӣ, китобхонӣ ва дар мавзуи варзиш гарави саломатӣ суҳбатҳо гузаронида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ба як қатор омӯзгорони ин мактаби мазкур   аз ҷониби Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Пас аз анҷоми барномаи фарҳангӣ барои таълимгирандагон дастархони идона ороста гардид, ки ин амали хайр фазои меҳру муҳаббат ва ҳамдигарфаҳмиро боз ҳам таҳким мебахшад.

04.04.2026 21:36
27