Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти зани 51-сола барои ташкили фоҳишахона

Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 51-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахонаҳо, даллагӣ ё занҷалаббоӣ дастгир карда шуд.
Гумонбаршаванда, манзили истиқоматиашро муддати як сол ба фоҳишахона табдил дода 2-юми апрели соли 2026, ба марди 30 ва ҷавонзани 25-солаи сокинони шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда бар ивази хизматрасониаш 300-сомонӣ ҳамчун мукофотпули гирифтааст. 
Инчунин, гумонбаршаванда 2-юми апрели соли 2026, ба марди 36 ва ҷавонзани 25-солаи сокинони шаҳри Душанбе ва ноҳияи Хуросон барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда бар ивази хизматрасониаш 250-сомонӣ ҳамчун мукофотпули гирифтааст.
Ҳамин тариқ гумонбаршаванда 24-уми марти соли 2026, ба марди 34 ва зани 29-солаи сокинони шаҳри Душанбе, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит  фароҳам оварда бар ивази хизматрасониаш 150-сомонӣ ҳамчун мукофотпули гирифтааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

06.04.2026 8:53
34