Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳодисаҳои нақлиётӣ

4-уми апрели соли 2026, тахминан соати 17:00 ронандаи воситаи нақлиётӣ тамғаи “BYD QIN”, ронандаи ҶСП “Эко таксӣ” Рафиев Раҷаҳмад Муҳамадалиевич, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе ҳангоми ҳаракат бо роҳи мошингарди кӯчаи Назаршоев ба самти кӯчаи Валаматзода, дар рӯ ба рӯи бинои 7-и кӯчаи С.Айнии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо қисмати пеши воситаи нақлиёт пиёдагарди ноболиғ Амонов Фирдавс Назармаҳмадович, соли таваллудаш 2018, сокини пойтахт, ки роҳи мошингардро аз тарафи рост ба тарафи чап убур мекард, пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагарди ноболиғ Амонов Ф.Н. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан, ба ҳалокат мерасад. 
4-уми апрели соли 2026, тахминан соати 12:40-дақиқа, ронандаи автомашинаи барқии тамғаи «BYD», Юлдашев Халил Раҳмонович, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Қубодиён ҳангоми ҳаракат аз самти маркази ноҳия ба самти ноҳияи Шаҳритус дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Вопканди ноҳияи Қубодиён аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада бо дучархаи барқии тамғаи «Скутер» таҳти идораи Муродализода Музаффари Сафар, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Қубодиён бархурдааст.
Дар натиҷа автомашинаи мазкур ба дохили заҳбури лаби роҳ афтида мусофири он, Мусинов Ашуралӣ Уроқович, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Қубодиён ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
4-уми апрели соли 2026, тахминан соати 01:20-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-астра», Ҳабибуллоев Наврӯз Қарахонович, соли таваллудаш 2001, сокини ноҳияи Вахш, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди кӯчаи Карамова аз самти кӯчаи А.Навоӣ ба самти хиёбони Ҳ.Шерозии шаҳри Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи боркаши тамғаи «Шакман», таҳти идораи Ниёмиддинов Қиёмиддин Вайсиддинович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Душанбе, ки дар канори рости роҳ беҳаракат меистод бархурдааст.
Дар натиҷа мусофири автомашинаи «Опел-Астра», Зардиев Исроил Иброҳимович, соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Вахш, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, худи ронанда Хабибуллоев Н.Қ. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
5-уми апрели соли 2026, тахминан соати 02:10-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», Ғафуров Билолиддин Миршакарович, соли таваллудаш 1998, сокини ноҳияи Деваштич ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди «Меҳробод-Деҳмой-Меҳробод» дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмои ноҳияи Ҷ.Расулов аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Тайота VELLFIRE», таҳти идораи ронанда Ҳазратқулзода Беҳрӯз, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Спитамен бархурдааст. 
Дар натиҷа мусофирони автомашинаи тамғаи «Тайота VELLFIRE», Ишмуродов Аҳмадали  Нурмуҳаммедович, соли таваллудаш 1989 ва ноболиғ Ишмуродов Бегмурод Муҳаммадалиевич, соли таваллудаш 2012, сокинони ноҳияи Спитамен ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. 
Мусофири автомашинаи тамғаи «БМВ», Шарипов Далерҷон  Шокирович, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Деваштич ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Оид ба ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

06.04.2026 8:54
31