Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Озмуни ҷойҳои кори холӣ 

Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин озмун эълон менамояд.
Дар Раёсати тиббии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- духтури касалиҳои дарунии шуъбачаи касалиҳои дарунии №2 Госпитали Раёсати тиббии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- духтур-анестизиолог ва реаниматологи шуъбачаи эҳёгарӣ ва муолиҷаи мутасил (реанимация)-и Госпитали Раёсати тиббии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- духтури касалиҳои гурда ва роҳҳои пешобгарди шуъбачаи ҷарроҳии касалиҳои гурда, роҳҳои пешобгард ва андрологии Госпитали Раёсати тиббии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- духтури табобати варзишии (ЛФК) шуъбачаи касалиҳои дарунии Дармонгоҳи Раёсати тиббии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон;
-духтури физиотерапевти шуъбачаи касалиҳои дарунии Дармонгоҳи Раёсати тиббии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонӣ.
Таҳсилот: олии тиббӣ, вобаста ба вазифаҳои дар боло зикргардида, синну сол то 35 сола (мардҳо бо доштани билети ҳарбӣ).
Дар Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсия»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Кӯлоб:
- муаллими калони кафедраи фанҳои дақиқ ва техникии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсия»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (математика, физика, биология);
        - муаллими калони кафедраи фанҳои ҷамъиятӣ ва забонҳои Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсия»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (таърих, забон ва адабиёт, забони англисӣ); 
- муаллим-равоншиноси кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи милитсия»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон; 
Таҳсилот: олии омузгорӣ соҳаҳои математика, физика, биология, забон, адабиёт, равоншинос ва забони англисӣ. Синну сол то 35 сола (мардҳо бо доштани билети ҳарбӣ). 
Дар Қӯшунҳои дохилии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- 5 ҷойи холӣ – вазифаи афсари Қӯшунҳои дохилӣ дар ҷузъу томҳои он;
Таҳсилот: олии ҳарбӣ, техникӣ, ҳуқуқшиносӣ, омӯзгорӣ, ҷамъиятшиносӣ, соҳаҳои алоқа. Синну сол то 35 сола (мардҳо бо доштани билети ҳарбӣ).
Номгӯйи ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшаванда:
1. Ариза
2. Тарҷумаи ҳол (дастӣ, чопӣ)
3. Пурсишнома
4. Хислатнома аз ҷойи кор ё аз маҳалли зист 
5. Маълумотномаи ҷойи зист
6. Маълумотномаи ҳайати оила
7. Нусхаи шаҳодатномаи таваллуд
8. Нусхаи шиноснома
9. Нусхаи диплом
10. Нусхаи билети ҳарбӣ (бо билети ҳарбӣ)
11. Нусхаи хатти ақди никоҳ
12. Маълумотномаи изи даст
13. Сурати 9х12
14. Дафтарчаи меҳнатӣ
15. Маълумотномаи Комиссияи тиббӣ
Довталабон метавонанд маълумот дар бораи номгӯйи ҳуҷҷатҳои ба озмун пешниҳодшуда ва талаботи тахассусӣ дар сомонаи расмии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, почтаи электронӣ (shohruк_1990 @mail.ru) ва телефони 939 22 23 33 муроҷиат намоянд.
07.04.2026 18:51
122