Вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ
Зимни баргузор намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия муайян карда шуд, ки марди 62-солаи сокини шаҳри Исфара, 17-уми марти соли 2026, тахминан соати 11:00 дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар назди нуқтаи фурӯши машруботҳои спиртӣ, воқеъ дар кӯчаи Ф.Аттори шаҳри Исфара аз ҳиссиёти авбошӣ бе ягон асос бо марди 67-солаи сокини шаҳри мазкур ҷангу ҷанҷол намуда, ӯро дашномҳои қабеҳ гуфта, бо корди хоҷагии дар дасташ буда 1-маротиба ба пойи охирон зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Нисбати гумонбаршаванда бо қисми 3 моддаи 237 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
















