Вохӯрӣ оид ба тақвият бахшидани ҳамкориҳои дуҷониба
Дар ин дидор Вазири корҳои дохилӣ дабири кулли СААД-ро барои ба ин вазифаи пурмасъул таъин шуданаш табрику муборакбод намуда, дар иҷрои масъулияти ба зиммадошта барору комёбиҳо таманно намуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷинояткории фаромиллӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар мавзӯъҳои мубрам табодули афкор намуданд.

















