Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мисри Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

16-уми апрели соли 2026 вохӯрии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мисри Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Тамер Фатҳӣ Абдуссалом Ҳаммад баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишварро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва хатару таҳдидҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷӯҳ табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштанд.

16.04.2026 18:43
100