Вазифаи холӣ
Қоидаҳои қабул ба кор дар мақомоти корҳои дохилӣ
Мутобиқи банди 9 «Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилӣ» ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки синнашон аз 18 то 35 сола мебошанд, сарфи назар аз ҷои истиқомат, ҷинс, миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, ки аз рӯи сифатҳои шахсӣ, ахлоқӣ, таҳсилот, кордонӣ, тайёрии ҷисмонӣ ва вазъи саломатӣ аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои ба зиммаи кормандони мақомоти корҳои дохилӣ вогузоршуда мебароянд, баъди адои хизмати ҳарбӣ аз рӯи даъват ё доштани билети дар асоси ихтиёрӣ қабул карда мешаванд.
Мутобиқи банди 10 Низомномаи мазкур шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ қабул карда намешаванд:
а) шаҳрвандоне, ки доғи судӣ доштанд ё доранд (сарфи назар аз муҳлати адои ҷазо, ба истиснои онҳое, ки аз тарафи суд сафед карда ё бегуноҳ дониста шудаанд);
б) мувофиқат накардан бо шартҳое, ки дар банди 9 ин Низомнома пешбинӣ шудааст;
в) мавҷуд будан ва эътибори қонунӣ доштани ҳукми суд оид ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ (мансабҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ);
г) вуҷуд доштани тасдиқи хулосаи муассисаи тиббӣ оид ба беморие, ки барои адои вазифаҳои хизматӣ монеъ шуда метавонад;
д) саркашӣ намудан аз тафтишоти махсус ва барасмият даровардани иҷозатнома барои кор бурдан бо маълумотҳои дорои сирри давлатӣ ва дигар маълумотҳои аз тарафи қонун ҳифзшаванда;
е) мавҷудияти хешии наздик ё қудогӣ (волидайн, бародарон, ҳамсарон, хоҳарон, писарон, духтарон, инчунин бародару хоҳарони волидайн ва фарзандони ҳамсарон) бо корманд, агар хизмати онҳо дар мақомоти корҳои дохилӣ бо тобеият ва таҳти назорати бевосита будани яке ба дигаре алоқаманд бошад;
ж) мавҷудияти шаҳрвандии давлати хориҷӣ, ба истиснои ҳолатҳое, ки агар иҷозат ба хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дар асоси ризоияти дуҷониба бо созишномаҳои байнидавлатӣ ба танзим дароварда шуда бошад;
з) саркашӣ намудан аз гузаштани қайди ҳатмии давлатии дактилоскопӣ мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии дактилоскопӣ»;
и) дар бораи худ ва хешовандон ба дастгоҳи кадрҳо пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳо ва маълумотҳои баръало бардурӯғ;
к) бо қарори эътибори қонунӣ пайдонамудаи суд ғайри қобили амал ё маҳдудан қобили амал дониста шудани шаҳрванд;
л) саркашӣ аз супоридани меъёрҳо доир ба тайёрии ҷисмонӣ ё номувофиқии натиҷаҳои санҷишӣ ба меъёрҳои муқарраршуда.
Ҳуҷҷатҳои зарурии пешниҳодшаванда
Ҳангоми дохил шудан барои хизмат ба мақомоти корҳои дохилӣ шаҳрвандон ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод менамоянд:
а) аризаи шахсӣ;
б) ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсият;
в) дафтарчаи меҳнатӣ;
г) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи маълумот;
д) ҳуҷҷати муайянкунандаи муносибати иҷрои уҳдадории ҳарбӣ (барои шаҳрвандоне, ки дар захираи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд).
Вазифаҳои холӣ
Вазифаҳои холӣ дар самти воҳидоти таъиноти махсуси милитсия (тел: 907 02 58 58), хадамоти давлатии оташнишонӣ (тел: 93 922 57 41) ва тиббӣ (тел: 93 922 08 01) мавҷуд мебошанд.
Хоҳишмандон метавонанд аризаҳои худро тариқи почтаҳои электронӣ: info@vkd.tj; somona@vkd.tj ирсол намоянд.
Нишонӣ: шаҳри Душанбе, кӯчаи Ҷ.Икромӣ-29, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон.