ФУТБОЛИ ХУРД — МАКТАБИ СИЁСИИ ТАРБИЯИ ҶАВОНОН ВА ОМИЛИ ТАҲКИМИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ
Гурӯҳи кории ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Шурои ҷумҳуриявии "Динамо" ва ҷавонони фаъол дар вилояти Суғд аз 10 то 14 апрели соли равон бо ифтихор аз сиёсати хирадмандона ва ҷавонпарваронаи давлат иттилоъ медиҳад, ки мусобиқаи варзишии "Футболи хурд", ки дар доираи тадбирҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ ва ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд, пас аз баргузории давраҳои рақобатпазир бо натиҷаҳои назаррас ба анҷом расид.
Мусобиқаи мазкур ҳамчун даври муҳими ҷамъбастӣ, ки тамоми марҳилаҳои омодагӣ ва рақобатҳоро фаро гирифт, бори дигар нишон дод, ки варзиш, бахусус "Футболи хурд", метавонад ба ҳайси як абзори муассири татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон, таҳкими тарзи ҳаёти солим ва пешгирии омилҳои номатлуб хизмат намояд. Дар ин замина, иштироки фаъоли ҷавонон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилояти Суғд далели равшани боло рафтани сатҳи худшиносии миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва масъулиятшиносии онҳо арзёбӣ мегардад.
Дар рафти даври ҷамъбастӣ дастаҳои беҳтарин бо маҳорати баланди варзишӣ, интизоми намунавӣ ва эҳтиром ба қоидаҳои бозии одилона баромад намуда, намунаи ибрат барои дигар ҷавонон гардиданд. Ин раванд бори дигар собит сохт, ки ҷавонони кишвар дорои нерӯи бузурги ҷисмонӣ ва маънавӣ буда, метавонанд дар рушди ҷомеа ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ саҳми назаррас гузоранд.
Аз рӯи натиҷаҳои ниҳоии даври ҷамъбастӣ:
ҷойи якум насиби дастаи ноҳияи "Спитамен" гардид;
ҷойи дуюм насиби дастаи «Истиқлол»-и шаҳри Хуҷанд шуд;
ҷойи сеюм насиби дастаи ноҳияи "Ҷаббор Расулов" гардид.
Дар фарҷоми мусобиқа, бозингарон ва дастаҳои ғолиб бо диплом, ифтихорнома, инчунин сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд, ки ин иқдом ҳамчун омили муҳими ҳавасмандгардонӣ ва қадршиносии заҳмату талошҳои ҷавонон арзёбӣ мегардад.
Бояд таъкид кард, ки чунин чорабиниҳои фарогири варзишиву сиёсӣ барои таҳкими ваҳдати миллӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, инчунин тарбияи насли солиму худогоҳ аҳамияти калидӣ доранд. Маҳз тавассути чунин ташаббусҳо ҷавонон ба роҳи дурусти зиндагӣ, созандагиву бунёдкорӣ ва хизмат ба манфиатҳои миллӣ раҳнамун мегарданд.
Дар маҷмӯъ, даври ҷамъбастии мусобиқаи "Футболи хурд" ҳамчун як марҳилаи муҳими татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон бо натиҷаҳои назаррас анҷом ёфта, бори дигар собит намуд, ки дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба варзиш омили асосии таъмини суботу амнияти ҷомеа ва рушди устувори давлат ба ҳисоб меравад.
Дар фарҷоми мусобиқа сардори Шуъбаи огоҳонӣ ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои ноболиғону ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Ҷалилзода Абдумаҷид, муовини аввали Раиси Шӯрои ҷумҳуриявии "Динамо"-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Шоҳиён Аслиддин Назрӣ ва намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимов Баҳром оид ба оворагардӣ, пешгирии нашъамандӣ, масъулияти падару модар, эҳтироми онҳо, дӯст доштани Ватани азизамон, одоби мураббӣ, одоби варзишгар ва дигар корҳои тарбиявӣ суханронӣ намуда, ҷоизадорон бо медал, Ифтихорнома, Сипоснома, Ҷом ва туфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.































