Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо кормандони милитсияи Хатлон
18 апрели соли 2026 дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон ва ҷузъу томҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқоти корӣ баргузор намуд.
Дар оғози ҷаласа Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода оид ба иҷрои нишондод ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ ва иброз дошт, ки бо мақсади дар сатҳи баланди сиёсӣ таҷлил намудани ҷашни пуршукӯҳи миллат - 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини суботи комили сиёсӣ дар вилоят мубориза бар зидди падидаҳои халалдоркунандаи манфиатҳои давлату миллат пурзӯр карда шавад.
Вазири корҳои дохилӣ ҳамзамон дар назди кормандони мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон ҷиҳати мубориза зидди терроризм, экстремизм, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, аз ҷумла байни ҷавонону ноболиғон, пешгирӣ аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар ҷинояткориҳо як қатор дастуру супоришҳои иловагӣ роҳандозӣ намуд.
Зимнан, доир ба пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ноболиғону ҷавонон ибрози андеша намуда, қайд кард, ки дар ин самт бояд чораҳои муассир андешида шуда, вохӯрию корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки волидайн ва нозирони минтақавӣ дар байни ҷавонону ноболиғон тақвият бахшида шавад.
Дар фарҷоми суханронӣ бори дигар Вазири корҳои дохилӣ кормандони мақомоти милитсияро ба хизмати содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуда, таъкид дошт, ки барои ҳифзи дастовардҳои замони истиқлол доимо омода бошанд.





















