ЭЪЛОН!
Ба таваҷҷӯҳи ҳаводорони гуштини миллӣ расонида мешавад, ки бинобар номусоид гардидани вазъи ҳаво баргузории гуштини миллӣ дар ноҳияи зебоманзари Ховалинги вилояти Хатлон аз 10-уми майи соли 2026 ба дигар рӯз гузаронида мешавад.
Барои паҳлавонони ватанӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва соҳибкорони ватандӯст 6 адад автомашинаҳои гаронарзиши хориҷӣ, уштур, аспҳои тозӣ, дучарха, скутер ва дигар туҳфаҳои хотиравӣ омода гардидааст.
Инчунин, барои кормандони сохторҳои қудратӣ низ дар майдон гилеми алоҳидаи гуштингирӣ омода карда мешавад.
Дар мавзеи хушбоду ҳаво ва сарсабзи ноҳияи Ховалинг дави миллӣ, пойгаи аспдавонӣ низ баргузор мегардад.
Оид ба баргузор гардидани гуштин дар ноҳияи Ховалинг бо мусоид шудани вазъи боду ҳаво иловатан хабар медиҳем.

















