Вохӯрӣ бо Сафир оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати федералии корҳои дохилии Олмон
11-уми майи соли 2026 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо Сафир оид ба масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати федералии корҳои дохилии Олмон Людвиг Юнг вохӯрӣ доир намуд.
Вазири корҳои дохилӣ ва Людвиг Юнг ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти муҳоҷират, диверсификатсия, раванди муҳоҷират, содда гардонидани низоми ҳуҷҷатгузорӣ барои муҳоҷирон ва пешгирии қаллобӣ, инчунин зарурияти ба имзо расонидани созишномаҳо оид ба ҳамкорӣ ҷиҳати мубориза бо ҷинояткорӣ ва реадмиссия ба мувофиқа расиданд.
Инчунин, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба масъалаҳои тақвият бахшидани ҳамкориҳо дар самти мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ, киберҷиноятҳо (қаллобии онлайнӣ), терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули афкор карда шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо ҷиҳати рушд додани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният изҳори боварӣ намуданд.

















