Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқоти Вазири корҳои дохилӣ бо гуруҳи сафирони  Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо

20 майи соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо гуруҳи намояндагони доимӣ/сафирони кишварҳои Ғарб дар назди Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) вохӯрӣ доир намуд. 
Сараввал, Вазири корҳои дохилӣ 7 нафар сафирони САҲА-ро ҷиҳати ташриф овардан ба Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона хайрамақдам гуфта, изҳор дошт, ки ҳамкории ин ниҳод бо САҲА дар рӯҳияи эҳтироми мутақобила ва шарикии созанда ба роҳ монда шудааст.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба тақвият додани ҳамкориҳо дар самти мубориза бо терроризм, экстремизми хушунатомез, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва киберҷиноятҳо, инчунин  масъалаҳои  ҳуқуқи инсон, баробарии гендерӣ, мубориза бо савдои одамон ва мустаҳкамнамоии сарҳад табодули афкор намуданд. 
Зикр гардид, ки ислоҳоти милитсия дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон зина ба зина амалӣ шуда истодааст ва бо САҲА ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудааст. Дар ин раванд ҳамасола байни Вазорат ва Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе нақшаҳои кории муштарак ба имзо расонида мешавад.
Дар хотимаи мулоқот ҷонибҳо баҳри рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самти пешгирии ҳамагуна қонуншиканӣ, ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният изҳори боварӣ намуданд.

20.05.2026 19:30
151