Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

29 майи соли 2026 муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники милитсия Вализода Илҳомиддин Сироҷиддин бо Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Австралия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қароргоҳ дар шаҳри Москва ҷаноби Ҷон Гиринг вохӯрӣ доир намуд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ҳарду кишварро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм ва хатару таҳдидҳои замони муосир мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷӯҳ табодули афкор намуда, омодагии худро ҷиҳати боз ҳам рушду густариш додани ҳамкориҳо изҳор доштанд.

29.05.2026 14:22
101