Такроран машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ
Кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Б.Ғафуров дар натиҷаи доир намудани коркардҳои оперативӣ шаҳрванд Маҳмадқул Санақулӣ соли таваллудаш 1997 сокини ҷамоати шаҳраки Ғафуровро барои такроран машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ боздошт намуданд. Номбурда, гарчанде моҳи марти соли 2026 барои машғул шудан ба кирдорҳои мардумфиребона боздошт гардида, бо моддаи 482 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ гардида буд, вале ислоҳнопазир боқӣ монда, ба гарму сард намудани муносибатҳои байни зану мард, бахткушоӣ, кушоши кор ва дигар шакли хизматрасониҳои дурӯғин машғул шудааст.
Нисбати номбурда барои оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ тафтиши пешакӣ ба роҳ монда шудааст.


















