Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибият дар мусобиқаи варзишӣ

Кормандони ВКД дар баробари фаъолияти шабонарӯзии хизматӣ инчунин дар мусобиқаҳои варзишӣ низ фаъолона ширкат меварзанд. Майори милитсия Саломзода Акбар Раҳматҷон сардори Шуъбаи Раёсати алоқаи ВКД дар шаҳри Душанбе дар чемпионати кушоди шаҳри Душанбе оид ба пауэрлифтинг (сеҳарба) ва ёзидан бо даст байни калонсолон дар вазни 105 кг, ки бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид, ширкат варзида, сазовори ҷойи сеюм гардид. 
Номбурда, аз соли 2010 “Устоди варзиш” аз намудҳои вазнбардорӣ (пауэрлифтинг), дастхобонӣ (армрестлинг) ва ёзидан бо даст (жим лёжа) мебошад.
Инчунин Саломзода Акбар пайваста дар мусобиқаҳои варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии “Динамо”-и ВКД ширкат варзида, дар намуди гирабардорӣ низ дар байни дастпарварони “Динамо” ғолибиятро ба даст овардааст.

25.06.2026 9:10
64