Мусобиқаи кушоди футболи хурд байни наврасон ҷамъбаст гардид
Аз 1 то 8 августи соли 2026 мусобиқаи кушоди варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонии ВКД оид ба футболи хурд байни кӯдакон ва наврасони солҳои таваллудашон 2014–2015 ва 2016–2017 баргузор гардид.
Мусобиқа ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир шуда, 8 август дар Варзишгоҳи «Спитамен»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузории бозиҳои ниҳоӣ ҷамъбаст гардид.
Дар мусобиқа 15 даста бо фарогирии 180 варзишгар аз мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.
Аз рӯйи натиҷаи бозиҳо байни наврасони солҳои таваллудашон 2014–2015 ҷойи аввалро дастаи «Динамо», ҷойи дуюмро «Динамо-2» ва ҷойи сеюмро дастаи «Спартак» соҳиб шуданд.
Дар гурӯҳи наврасони солҳои таваллудашон 2016–2017 бошад, дастаи «Динамо» мақоми аввал, дастаи «Сипар» мақоми дуюм ва дастаи «Спитамен» мақоми сеюмро ишғол намуданд.
Дар маросими ҷамъбастӣ ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқа аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо Ҷом, медал, диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ ба рушди варзиш дар байни кӯдакон ва наврасон, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва ҷалби насли наврас ба машғулиятҳои варзишӣ мусоидат менамояд.



















