Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар Дарвоз мусобиқаҳои варзишӣ баргузор гардиданд

Дар доираи чорабиниҳои варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки бо мақсади рушди варзиш ва ҷалби наврасону ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим баргузор мешаванд, дар ноҳияи Дарвоз низ мусобиқаҳои гуногуни варзишӣ доир гардиданд.
Чорабинии мазкур аз 17 то 19 август бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуда, наврасон дар намудҳои футболи хурд, шашка ва шоҳмот миёни ҳам қувваозмоӣ намуданд.
Мусобиқаҳо бо иштироки фаъолонаи наврасон дар фазои солим ва рақобати варзишӣ баргузор гардида, барои баланд бардоштани маҳорати варзишӣ, таҳкими дӯстиву рафоқат ва тарғиби тарзи ҳаёти солим заминаи мусоид фароҳам оварданд.
Дар фарҷоми чорабинӣ ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо ҷом, медал ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.
Баргузории чунин чорабиниҳои варзишӣ дар шаҳру ноҳияҳои ВМКБ идома дошта, барои ҷалби ҳарчи бештари наврасону ҷавонон ба варзиш ва тарғиби арзишҳои солим дар ҷомеа мусоидат менамояд.


 
 

20.08.2026 14:55
50