Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ

5-уми сентябри соли 2026 бо ибтикори роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ, бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шафати бинои Вазорат ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ баргузор гардид. 
Дар ярмарка хоҷагиҳои деҳқонӣ ва фермерии вилояти Суғд, вилояти Хатлон, шаҳру ноҳияҳои минтақаи Рашт ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуда, маҳсулоти гуногуни кишоварзӣ ва ниёзи мардумро бо нархи дастрас ба фурӯш бароварданд.
Маҳсулоти пешниҳодшуда, аз ҷумла картошка, пиёз, сабзӣ, меваю сабзавот, маҳсулоти кишоварзӣ, бо нархҳои нисбат ба бозор ба таври назаррас арзон, дар баъзе ҳолатҳо то ҳудуди 50 фоиз, ба кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, собиқадорони милитсия ва аъзои оилаҳои онҳо пешниҳод карда шуд. Ҳамзамон, бахше аз маҳсулот ба таври ройгон тақсим гардид.
Баргузории чунин ярмаркаҳо дар арафаи ҷашнҳои миллӣ иқдоми муҳим дар самти дастгирии иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати омодагӣ ба таҷлили шоистаи ҷашнҳои миллӣ мусоидат менамояд.

05.09.2026 14:54
101