Таҷлили 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Вазорати корҳои дохилӣ
5 сентябри соли 2026 дар маҷлисгоҳи Вазорати корҳои дохилӣ бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковник Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, кормандону собиқадорони милитсия ва дигар меҳмонон чорабинии тантанавӣ бахшида ба 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ҷамъомад бо ворид шудани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллӣ оғоз гардида, Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ҳозиринро ба муносибати ин ҷашни бузурги миллӣ табрик гуфт.
Вазири корҳои дохилӣ бо ёдоварӣ аз роҳи тайкардаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ва аҳамияти таърихии Истиқлоли давлатӣ иброз намуд, ки маҳз соҳибихтиёрӣ, сиёсати созандаю хирадмандонаи Пешвои мииллат шароит фароҳам овард, ки дар ин муддат дар тамоми соҳаҳои ҳаёт, сиёсату иқтисодиёт, саноату энергетика, кишоварзӣ ва илму фарҳанг ба комёбиву муваффақиятҳои назаррас ноил гардем.
Дар идомаи суханронӣ аз талошу заҳматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи Истиқлоли давлатӣ ва таҳкими минбаъдаи дастовардҳои он ёдоварӣ карда шуд.
Қайд гардид, ки маҳз бо талошу кӯшишҳои пайгирона, хизмату заҳмати устуворонаю сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи тоҷик ба ҳадафу мақсади ҳазорсолаи худ расид. Истиқлоли давлатӣ барои ташаккул ва фаъолияти мунтазами тамоми бахшҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла соҳаҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва сохторҳои низомиву қудратӣ, заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар идомаи чорабинии идона оид ба ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ андешаронӣ сурат гирифта, таъкид гардид, ки иқдомоти созанда ва ташаббусҳои байналмилалии роҳбарияти олии Тоҷикистон ба таҳкими мавқеъ ва баланд гардидани нуфузу обрӯи кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намуда истодааст.
Сипас, Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковник Раҳмон Юсуф Аҳмадзод бо камоли сарфарозӣ ҳозирин ва кулли кормандони мақомоти корҳои дохилиро аз номи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ табрик намуд.
Номбурда таъкид кард, ки тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат, Тоҷикистони соҳибистиқлол ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Дар қисмати дигари ҷамъомади тантанавӣ барои нишон додани масъулияти баланд дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, ошкору пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ ва саҳми арзанда дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ як қатор кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо мукофотҳои давлатӣ ва мукофотҳои соҳавӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамчунин, ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандон рутбаҳои махсуси навбатии полковникӣ ва рутбаҳои махсуси навбатӣ як зина болотар аз вазифаи ишғолнамудаи штатӣ дода шуд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ бо изҳори сипоси самимӣ ба роҳбарияти олии давлат, бахусус ба Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид намуданд, ки минбаъд низ ба Савганди ёдкардаи хеш содиқ монда, ба халқу Ватан бо ҳисси баланди масъулият ва садоқат хизмат хоҳанд кард.




























