Дуздӣ
Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Панҷакент як ҳолати содир гардидани ҷинояти дуздӣ муайян ва содиркунандаи он дастгир карда шуд.
Боздоштгардида Саримсоқов Мансурҷон Баҳодирович, соли таваллудаш 2001, сокини шаҳри Панҷакент, ки қаблан бо қисми 2-и моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, боз дар содир намудани ҷинояти дуздии чорво гумонбар дониста мешавад.
Номбурда 21 июли соли 2026, тахминан соати 14:00, аз заминҳои саҳроии маҳаллаи «Каволла»-и шаҳри Панҷакент як сар говро, ки арзишаш 20 ҳазор сомонӣ мебошад, бо роҳи пинҳонӣ дуздидааст.
Нисбати Саримсоқов М.Б., парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















